Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Андозаи ҷарима барои саркашӣ аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ зиёд шуд

№58-59 (4320-4321) 01.05.2021

DSC_1735Бисту ҳаштуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 14 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

1. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи озод намудани Ҳабибулозода Р. Ҳ. аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи таъин намудани Бобоҷонзода М. Б. ба вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Юсуфӣ М.»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Юсуфӣ М.»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани ­Одиназода Ҳ. Р.»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Абдусаломзода М. А.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Исмоилиён К. И.»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Қосимӣ Ф.»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»

13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи озод намудани Ҳабибулозода Р. Ҳ. аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло бо сабаби ба кори дигар гузаштан барои ризоят ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи озод намудани Ҳабибулозода Р. Ҳ. аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи таъин намудани Бобоҷонзода М. Б. ба вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон барои ризоият ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи таъин намудани Бобоҷонзода М. Б. ба вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 324 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак савганд ёд кард.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Юсуфӣ М.» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Юсуфӣ М.» мегузарем.

Чӣ гуна пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Одиназода Ҳ. Р.» шурӯъ менамоем.

Номбурда аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, №30 аз 19 апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вакили тозаинтихоб ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савганд ёд намуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Абдусаломзода М. А.» мегузарем.

Номбурда аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Вахш, №32 аз 19 апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вакили тозаинтихоб ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Исмоилиён К. И.» мегузарем.

Номбурда аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Деваштич, №24 аз 19 апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вакили тозаинтихоб ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Исмоилиён Комрон Исмоилзода ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Қосимӣ Ф.» мегузарем.

Номбурда аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16 аз 19 апрели соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», вакили тозаинтихоб ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Марҳамат.

Қосимӣ Файзулло ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад». Бо мақсади ба танзим даровардани раванди барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки аз ҷониби Вазорати молия ба муомилот бароварда мешаванд, инчунин танзими ҳаҷми қарзи дохилии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2021 таҳти № 103 маъқул дониста шудааст.

Таҳияи санад барои ҷалби бештари сармоягузорони эҳтимолӣ тавассути барориши коғазҳои қиматнок, инчунин, маблағгузории саривақтии барнома ва ҳадафҳои афзалиятдоштаи Ҳукумати кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Айни замон фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок» (аз 28 июни соли 2011, №745) ва ҷалби маблағҳои қарзӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» (аз 11 декабри соли 1999, №886) танзим ва амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади такмили фаъолияти бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва механизми қарзгирии дохилии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд тавассути барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатӣ анҷом дода шаванд, дар лоиҳаи пешниҳодшуда, яъне, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» муқаррарот дар бораи таҳияи «Қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад».

Мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ низ коғазҳои қиматноки аз ҷониби давлат баровардашаванда ҳамчун коғазҳои қиматноки қарзӣ тасниф карда шуда, барориши онҳо барои ҳалли як қатор вазифаҳо, аз ҷумла пӯшонидани ­касри буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои азими сармоягузорӣ ва пардохти уҳдадориҳо аз рӯи дигар коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида мешаванд.

Айни ҳол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва коршиносони байналмилалӣ раванди таҳияи «Қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ гардидааст, ки пас аз қабули қонуни зикршуда, лоиҳаи қоидаҳо бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло Машраб:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, салоҳияти тасдиқи қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 5 таклиф пешниҳод карданд, ки аксарияти онҳо қабул гардиданд.

Он бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 60 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» шурӯъ менамоем.

Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо роҳи дақиқ намудани манбаи пардохтҳои ҳатмии ситонидашаванда ва аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ дар қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии барномаҳои мақсаднок дар шаҳри Душанбе ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 таҳти №1602 барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти ҳатмии маҳаллӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин замина «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таъсис дода шудааст.

Дар робита ба ин, дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» меъёри ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати равона намудани маблағҳои аз ҳисоби пардохти ҳатмии зикргардида ба «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар моддаҳои 823, 825, 826 ва 827-и лоиҳа тағйироти дахлдор вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дар самти сохтмони инфрасохтори муҳандисӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар моддаи 824 муқаррарот оид ба баҳисобгирии хароҷоти иловагии анҷомдодаи субъектҳои соҳибкорӣ барои ободонии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади амалӣ гардидани барномаҳои мақсаднок дар пойтахти мамлакат аз шумо — муҳтарам вакилон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд кард, ки барои мусоидат ба субъектҳои соҳаи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе ба муқаррароти ситонидани пардохти ҳатмии маҳаллӣ дар боби 21Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 824 воридшаванда шахсоне, ки аз супоридани пардохт барои додани иҷозати сохтмон озод карда мешаванд, муқаррар мегарданд.

Қисми 3 моддаи 824 дар таҳрири нав оварда шуда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар моддаи 823 қонуни мазкур пешбинигардида, ки бо ташаббус объектҳои барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва ободонии пойтахт заруриро сохта, ба моликияти давлат месупоранд, агар арзиши ин объектҳо аз меъёри пардохт кам набошад, аз пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот озод карда мешаванд. Дар сурати кам будани арзиши объектҳо аз меъёри пардохт, ҳисоббаробаркунии бақияи пардохт аз рӯи маблағи умумии пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби объектҳои сохташаванда анҷом дода мешавад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, баҳри такмили он 22 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки 8-тоаш қабул, 4-тоаш қисман қабул ва 10-тоаш қабул нашуд.

Он бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар Ашуриён:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Он дар иртибот ба иҷрои банди 23 Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардош­тани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки 4 апрели соли 2019 аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, таҳия карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйирот ва иловаро ба 3 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» пешбинӣ менамояд.

Мутобиқи қисми 1 ном ва қисми 6 моддаи 5 дар таҳрири нав ифода карда шуда, дар асоси он мақоми ваколатдор назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ менамояд. Санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдор мустақилона ва ё якҷо бо намояндагони мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаи 10 қисми 7 илова карда шуда, мутобиқи он пешниҳоди маълумот (ҳуҷҷат) ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар бораи аҳд ва амалиётҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 қонуни мазкур пешбинишуда ошкорсозии амалиёти нотариалӣ намебошад.

Сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 28 дар таҳрири нав ифода гардид. Мутобиқи меъёри мазкур нотариуси давлатӣ уҳдадор аст, ки дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи лизинг, аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудратӣ, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигоҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо қоғазҳои қиматнок ба маб­лағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ буда, аз буҷети давлатӣ барои амалишавии он хароҷот талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур Саломович дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия гаштааст. Мувофиқи тағйироту иловаи пешбинишуда ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти санҷиши фаъолияти нотариалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва уҳдадориҳои нотариуси давлатӣ дар ин самт мушаххас гардидааст.

Моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур фарогири 3 қисм буда, тибқи қисми 1 тағйирот ба қисми 6 моддаи 5 доир ба назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа мустақилона ва ё якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ карда мешавад.

Дар асоси қисми 2-юми он дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 10 қонуни амалкунанда калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда мешаванд. Дар қисми 3-юми лоиҳаи қонун уҳдадории нотариусҳои давлатӣ оид ба амалиётҳои шубҳаноке, ки вобаста ба ҳаҷми калони маблағҳои пулӣ гузаронида мешаванд, иборат буда, зимни иловаи нав нотариусҳои давлатӣ уҳдадоранд, ки оид ба амалиёти аҳдҳои хусусияти молумулкдошта, ки маблағи он баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин амалиёти аҳдҳо оид ба молу мулки ғайриманқул ва қоғазҳои қиматнок, ки маблағи он баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он иборатбударо, ҳатман ба мақоми ваколатдори давлатӣ хабар диҳанд.

Моддаи 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур чун анъана аз мавриди амал қарор гирифтани он баъд аз интишори расмӣ иборат мебошад.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ  ёфта, барои такмил ду пешниҳод манзур шуд, ки аз он якто қисман қабул, дигараш пазируфта нашуд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа ба моддаҳои 1, 10, 14, 21, 32, 42 ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  мутобиқ  аст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дода мешавад. Марҳамат.

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Он бо мақсади мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ», муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ таҳия гардидааст.

Дар қисми 1-уми лоиҳаи қонуни таҳиягардида ба моддаҳои 1, 5, 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардида, бо дарназардошти тааллуқдории ваколату вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ, ҳамчунин, ҳифзи чарогоҳ калимаҳои «мақомӣ» ба калимаҳои «мақомотӣ» иваз карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ва ҳифзи чарогоҳ дар шакли умум пешбинӣ гардида, вобаста ба функсия ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ, ки дар самти чарогоҳ тибқи низомномаи самти фаъолият доро мебошанд, ҷудо карда нашудааст. Моддаи 9 лоиҳаи қонуни зикршуда дар таҳрири нав ифода гардида, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳ дар алоҳидагӣ ва мушаххас дар қисмҳои 1 ва 2 муайян ва пешбинӣ шудааст. Тағйиру иловаҳои мазкур имконият медиҳад, ки пас аз қабули қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдори  давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ мақомоти давлатӣ бо дарназардошти ваколатҳои низомномавӣ истифодабарии дуруст ва ҳифзи самараноки чарогоҳҳоро дар ҷумҳурӣ таъмин намоянд.

Чунончӣ, ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ таҳия ва пешниҳоди стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ, гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ, мониторинги давлатӣ вобаста ба истифодабарии чарогоҳ ва муайян намудани тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ муайян карда шудааст.

Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатй оид ба ҳифзи чарогоҳ гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба ҳифзи чарогоҳ ва арзёбии натиҷаи он, назорати истифодабарии объектҳои инфрасохтории чарогоҳ ва тартиби истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ ва ташкили тадқиқоти геоботаникии чарогоҳ пешбинӣ гардидааст.

Тағйиру иловаҳое, ки дар қисмҳои 2, 3 ва 5 лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст хусусияти таҳрирӣ ва мукаммалгардонӣ дошта, бо дарназардошти дар қонуни мазкур иваз намудани калимаҳои «мақоми» ба калимаҳои «мақомоти» ва дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйирот дар қисми 6 лоиҳаи қонун бо мақсади мазмунан ва тибқи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар намудани меъёри бақайдгирии давлатии ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истифодабарии чарогоҳ таҳия карда шудааст.

Қисмҳои 7, 8, 9 ва 10 лоиҳаи қонун бо мақсади мукаммалгардонӣ ва дар робита ба дигар тағйиротҳои дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинишуда таҳия гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои танзими истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо, ки манбаи асосии хӯроки чорво ва рушди соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб меравад, мусоидат менамоянд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?  Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Чанд соли охир шаҳрвандони Афғонистон ба кишвари мо омада, бо пардохти ночиз дар заминҳои  чарогоҳ шираи камол ҷамъ меоранд. Мутаассифона, он дар ҷумҳурӣ коркард нашуда, ҳамчун ашёи хом аз кишвар берун бурда мешавад. Ҳол он ки шираи камол метавонад ҳамчун антибиотик хизмат расонад. Вазорати кишоварзӣ дар самти ҷамъоварӣ ва коркарди ин гиёҳи шифобахш чӣ тадбирҳо меандешад?

Пӯшида нест, ки солҳои пеш майдони васеи чарогоҳҳоро дар ҳар ноҳия 10 — 15 нафарӣ хусусӣ карданд. Ҳоло аҳолии чорводори деҳот дар бобати чаронидани чорво ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Оё масъалаи ба танзим овардани тақсими чарогоҳҳо бозбинӣ мешавад?

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ: — Дар мамлакат ҷамъоварии шираи камол ба роҳ монда шудааст. Алҳол таҷҳизоте, ки аз он дору истеҳсол карда мешавад, надорем. Аз ин рӯ, ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот мекунем.

Якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар оянда аз шираи камол истеҳсол намудани дору тадбирҳо андешида мешавад.

Камбудиҳо дар самти вобаста намудану ҷудокунии чарогоҳҳо ҷой доранд. Чарогоҳҳо бояд  дар вақташ мутобиқи саршумори чорвои дар маҳалҳо мавҷудбуда тақсим мешуд. Мутаассифона, баъзеҳо соҳиби масоҳати зиёди чарогоҳҳо шуда, онро ба иҷора медиҳанд. Дар ин бора эродҳо зиёданд. Камбудиҳои ҷойдошта дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳалли худро хоҳанд ёфт.

РАИС: — Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: — Тибқи шартнома Комиссияи танзими истифодабарандагони чарогоҳ бояд чарогоҳҳоро мувофиқи саршумори чорво тақсим намоянд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони чарогоҳ чанд гектарро ташкил медиҳад? Чарогоҳҳои мавҷуда ба киҳо тақсим шуда, саршумори чорвояшон чӣ қадар  аст? Зеро дар баъзе аз деҳаҳои кӯҳистон аҳолӣ чорвояшонро намедонанд дар куҷо чаронанд.

Замони шӯравӣ дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  чарогоҳҳои мавсимӣ буд, ки  чорвои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мувофиқи шартнома дар он чаронида мешуд. Оё ҳоло низ ҳамкориҳо дар ин самт ҷой доранд?

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ: — Майдони умумии чарогоҳҳои мамлакат 3 миллиону 832 161 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин 786 469 гектар ё 20,5 дарсадаш чарогоҳҳои зимистона мебошанд. Ду миллиону 56 ҳазору 229 гектар  (53,7 дарсад) ба чарогоҳҳои тобистона рост меояд. Чарогоҳҳои баҳорӣ — тирамоҳӣ 710850 гектарро ташкил медиҳанд. Боқимонда чарогоҳҳои доимӣ мебошанд.

Дар ҳақиқат, бояд комиссияҳои танзими истифодабарандагони чарогоҳ манфиатҳои аҳолиро ба назар гирифта, чарогоҳро мувофиқи саршумори чорво тақсим намоянд. Баъзе аз ноҳияҳо чорвои кам доранду масоҳати чарогоҳашон зиёд аст. Дар баъзе аз ноҳияҳо бошад, баръакс. Масалан, ноҳияи Зафаробод 742 гектар чарогоҳ дорад. Аз ин рӯ, 150 — 160 ҳазор сар чорвои хурди он дар чарогоҳҳои водии Яғноб мечаранд.

Камбудиҳои дар самти тақсимоти чарогоҳ ҷойдоштаро бояд рафъ намоем. Зеро дар ҷумҳурӣ ҳоло саршумори чорвои хурд 6 миллиону 50 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Агар ба ҳар як гектар чарогоҳ 6 сар чорворо ҳисоб кунем ҳам, танҳо барои чорвои хурд 1 миллион гектар чарогоҳ доштан зарур аст.

Инчунин, наздики 2,5 миллион сар чорвои калон дорем, ки барои онҳо низ 2,5 миллион гектар чарогоҳ зарур аст. Яъне, имконияти чарогоҳҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ маҳдуд мебошад. Аз ин рӯ, ҳоло дар самти беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо фаъолият намуда истодаем. Дар натиҷаи татбиқи  лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», инчунин «Рушди соҳаи кишоварзӣ» ҳолати геоботаникии чарогоҳҳо беҳ шуда истодааст.

Вобаста ба истифодабарии чарогоҳҳои мавсимии вилояти Ҷиззахи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартнома  имзо нашудааст, зеро саршумори чорво дар кишвари ҳамсоя низ зиёд гаштааст:

РАИС: — Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад?  Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА: — Ҳоло шумораи зиёди чарогоҳҳои мамлакат номҳои ғайритоҷикӣ доранд. Хуб мешуд, ки Вазорати кишоварзӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда, оид ба номгузории дурусти чарогоҳҳо вобаста ба гиёҳҳои ҳамон мавзеъ чора меандешид.

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ: — Пешниҳодатон қобили қабул аст. Дар ин самт корҳо рафта истодаанд. Боварӣ дорам, ки ин масъала ба зудӣ ҳалли худро меёбад.

РАИС: — Ташаккур. Боз кӣ савол дорад? Марҳамат.

Амонулло ХАЙРУЛЛО: — Мутобиқи қонун муайян намудани тартибу меъёрҳои вогузории чарогоҳҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд. Бинобар ин, пешниҳод доштам, ки тартиби муайяни бамеъёрдарорию истифодабарии чарогоҳҳоро якҷо  бо Кумитаи заминсозӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонида шавад. Зеро ин масъалаест, ки ҳоло мақомот онро ба ҳамдигар ҳавола намуда, боис ба ташвишу сарсонии аҳолӣ мегардад.

Хулоса, бояд як санади меъёрӣ — ҳуқуқие ба имзо расад, ки тартиби вогузории чарогоҳҳоро муайян намояд.

ЗИЁЗОДА Сулаймон Ризоӣ: — Пешниҳодатон қобили қабул аст. Дар ин самт бояд корбарӣ намоем.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҷаббор УМАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва мақоми ваколатдор оид ба ҳифзи чарогоҳҳо таҳия шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2021, таҳти № 581 лоиҳаи қонун барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 13 апрели соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ баррасӣ намуд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 7 таклиф пешниҳод гардид, ки аз он 4 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 2 таклиф қабул нагардиданд ва бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 13 ва 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Вазорати мудофиа таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он пешбинӣ менамояд, ки ба моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, инчунин моддаи нав илова карда шавад. Аз ҷумла, бо дарназардошти қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъватӣ ва ҷавобгариро барои саркашӣ намудан аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ пешбинӣ менамояд, ба моддаҳои 683 ва 686 тағйироти дахлдор ворид гардида, моддаи 6911 илова карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади пешгирии вайронкунии қоидаҳои бақайдгирии ҳарбӣ ва гузаштани муоинаи тиббӣ аз ҷониби уҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ андозаи ҷарима, ки тибқи моддаҳои 687, 689 ва 691 пешбинӣ гардидааст, зиёд карда мешавад.

Яъне, дар санксияи қисми 1 моддаи 687 андозаи ҷарима, ки аз «ду то се» нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод, ба андозаи аз «чор то шаш», санксияи қисми 2 ҳамин модда, ки аз «се то панҷ» нишондиҳанда барои ҳисобҳоро дар бар мегирифт, аз «шаш то даҳ», дар санксияи қисми 1 моддаи 689, ки аз «як то ду» нишондиҳанда барои ҳисобҳо буд аз «ду то чор», дар санксияи қисми 2 ҳамин модда, ки аз «се то панҷ» нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод, аз «шаш то даҳ» ва дар санксияи қисми 1 моддаи 691, ки аз «як то ду» нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шуда буд, аз «ду то чор» нишондиҳанда барои ҳисобҳо  зиёд карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа гардида, таклифу пешниҳодҳои онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Яке аз сабабҳои саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ бадрафторӣ ва ё «бобосолорӣ» («дедовшина») дар баъзе аз қисмҳои низомӣ аст. Вазорат дар ин самт чӣ тадбирҳо меандешад?

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — «Бобосолорӣ» дар артиш ба миён наомада, он аз хонавода сар мешавад. Агар дар оила ду-се фарзанд бошанд, онҳо низ байни худ муросо намекунанд. Иддае аз сарбозоне, ки ба хизмати низомӣ меоянд, аз падару модар тарбияи  хуб гирифтагӣ нестанд.

Ҳоло вобаста ба пешгирии рафтори ғайриоинномавӣ миёни сарбозон дар қисмҳои низомӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.

РАИС: — Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: — Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, соли равон шумораи зиёди ҷавонони мамлакат ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанд. Мехостам вобаста ба ҷалби магистрантҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ равшанӣ андозед.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» минбаъд донишҷӯёне, ки дар магистратура таҳсил менамоянд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб шуда, як сол хизмат мекунанд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни номбурда мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон ба иҷрои вазифаҳо мебошад. Ҳамчунин, тибқи лоиҳа зиёд кардани андозаи ҷарима барои татбиқи ҷавобгарии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи ҳарбӣ содир менамояд, пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 1 моддаи 683 пас аз калимаҳои «ибтидоии ҳарбӣ» аломат ва калимаҳои «, гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта» ва ба қисми 1 моддаи 686 пас аз калимаҳои «нуқтаҳои ҷамъшавӣ» аломат ва калимаи «, омӯзиш» илова карда мешавад. Ҳамчунин, дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаҳои 687, 689 ва санксияи қисми 1 моддаи 691 ҷазои татбиқшавандаи маъмурӣ дар намуди ҷарима зиёд карда мешавад.

Инчунин, ба Кодекси амалкунанда моддаи нав — 6911, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои қасдан саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ бо татбиқ намудани ҷазои ҷаримавӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ менамояд, илова карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, 11 пешниҳод манзур гардида, аз онҳо 6-тоаш қабул ва 1-тои он қисман пазируфта шуда, 4-тои дигар қобили қабул дониста нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5, 10, 14, 18, 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Вазорати мудофиа таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади мутобиқнамоӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, пешбинӣ менамояд, ки дар қисми 1 моддаи 132 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шавад.

Ҳамин тариқ, ба номгӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки аз ҷониби комиссарони ҳарбӣ баррасӣ карда мешаванд, моддаи 6911 яъне «Саркашӣ намудани шаҳрванди синни даъватӣ (даъватшаванда) аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ» илова карда мешавад.

Лоиҳаи қонун тибқи тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа гардида, таклифу пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта шудаанд. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Ранохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, мақоми баррасикунандаи парвандаҳои маъмурии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъини ҷазо муқаррар мекунад.

Мақсади асосии ворид намудани тағйир  аз мутобиқгардонии Кодекси мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иборат мебошад. Тибқи он, дар қисми 1 моддаи 132 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  рақами 691 ба рақами 6911  иваз карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 5 таклиф пешниҳод карданд, ки  аз онҳо 3-то пурра қабул, 1-то қисман ва 1-то қабул  нашуд.

Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои адлия ва мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор дод ва  он пурра ҷонибдорӣ гардид.

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 10, 43-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва боби  5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ