Қаноатмандӣ аз сатҳу сифати нави ҳамкориҳо

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

DSC_275017 — уми майи соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои тарафайнро дар доираи ченаки инсонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки солҳои охир ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва ниҳодҳои он, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Тоҷикистон ҳамкориҳои минбаъдаро бо Дафтари Комиссари олии САҲА идома дода, ҷонибдори рушди босуръати ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ мебошад.

Қайрат Абдураҳмонов ба сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳамоҳангӣ ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ, густариши робитаҳои фарҳангию маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ баҳои баланд дод. Номбурда ­эътироф намуд, ки дар Тоҷикис­тон барои таҳсил, зуҳури қобилият ва тавоноии эҷодии намояндагони ҳама миллату халқиятҳо шароити зарурӣ фароҳам буда, таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа таъмин аст.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъа­лаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www.parlament.tj

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ