Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид

№117 (4700) 29.09.2023

Расми Акад Набиев Т«Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шуълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати аслӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Хушбахт касест, ки мақому мартабаи ӯро ҷомеа эътироф мекунад. Ин матлаби фарогир, маҳз ба зиндагинома ва фаъолияти пурбаракату нусратбори доктори илмҳои кишоварзӣ, академик Толиб Набиев рабт дорад. Ӯ тӯли солиёни дарози фаъолият дар шохаҳои гуногуни ҳаёти илмию сиёсии Тоҷикистон бо заковату хирад, донишу малака ва таҷрибаи бойи андӯхтаи худ собит намуд, ки фарзанди шоистаи миллати тоҷик мебошад. Номбурда дар бахши зироаткорию растанипарварӣ аз олимони саршиноси соҳа шинохта шудааст.

Бо шарофати заҳматҳои бисёрсолаи хеш ба қуллаҳои баланди илми кишоварзӣ шарафёб гардида, инчунин, дар вазифаҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ фаъолият намудааст. Солҳои сипаригардида дар вазифаҳои сарвари факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (солҳои 1990-2002 ва 2015-2017), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2005), сипас Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Ҳоло ба донишҷӯёну олимони ҷавони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нозукиҳои касби кишоварзиро меомӯзонад.

Мо аз овони донишҷӯӣ ӯро ҳамчун шахси ватандӯсту олими муваффақ мешиносем ва солҳо ба ҳайси ҳамкасбу дӯст, ҳамкор ва шогирд бо ҳам фаъолият намудаем. Поксириштӣ, нармдилӣ, самимият, хоксорию ҳимматбаландӣ, ки аз арзишҳои неки инсонӣ шинохтаю эътироф шудаанд, ба устод хос мебошанд. Бузургони илму адаби тоҷик устодро «чароғи рӯзгор»-у «машъали хирад» ва «махзани маърифат»-у «ояндасози миллат» номидаанд.

Ба ақидаи дигар омӯзгор, устод табиби ақли инсон аст. Маҳз, ӯст, ки ақлҳоро пурра, чашмони камнурро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи каҷро рост, забони лолро бурро месозад. Дар вуҷуди шогирдон тухми хирад мекорад, ба эшон илм меомӯзонад, бо заҳмати зиёд шахсиятҳоро барои ҷамъият ба воя мерасонад.

Чунин сифатҳоро мо дар фаъолияти академик Толиб Набиев мебинем. Албатта, расидан ба ҳадаф, миёни мардум соҳибэҳтиром будан, самари меҳнат ва заҳматҳои худи инсон аст.

Ба қавли Ҷалолиддини Румӣ:

Ҳар кӣ ранҷе дид, ганҷе шуд падид,

Ҳар кӣ ҷаҳде кард, бар ҷаҳде расид.

Номбурда дар тарбияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нақши калидӣ дорад. Худ дастпарвари факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) буда, аз устодони бузургвораш, олимони шинохта академикҳо И.С. Шатилов (Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ), Ю. С. Носиров, профессорон Ҷ. Қ. Қосимов, М. К. Қаюмов, Р.С. Масаидов ва дигарон баҳра гирифтааст.

Ӯ ҳамеша фаъолияти роҳбарию ташкилотчигиро бо кори тадқиқоти илмӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тавъам пеш бурдааст. Агар ба фаъолияти илмию таҳқиқотии профессор Толиб Набиев назар афканем, маҳсули заҳматҳои илмӣ ва тадқиқотии ӯ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, хусусан бахши растанипарварӣ марҳилаи наверо оғоз намудааст. Аз натиҷаи таҳқиқотҳои арзишманд ва дақиқи ӯ якчанд усулҳои нави парвариши зироатҳои лӯбиёӣ, бахусус, лӯбиёи чинӣ, мош, чормағзи заминӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо дар шароити иқлимию табиии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Тадқиқоти анҷомдодаи академик Толиб Набиев омӯзиши хусусиятҳои биологӣ, агротехникаи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, хӯроки чорво бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланди онҳо мебошад. Натиҷаҳои дар ин самт бадастовардааш дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва берун аз он татбиқ шуданд.

Умуман, ҳиссаи ӯро дар поягузорӣ, ташаккул ва пешрафти илми кишоварзии Тоҷикистон шоиста метавон арзёбӣ намуд. Аз оғози даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудан ва пешбурди муваффақонаи равияҳои тадқиқотии зарурӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин, муайян намудани самтҳои илмии афзалиятдор саҳм гузоштааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи ин олими пурмаҳсул таҳқиқотҳои илмӣ доир ба селексия ва тухмипарварӣ, таҳия намудани усулҳои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, техникӣ, хӯроки чорво дар шароитҳои заминҳои обӣ ва лалмии минтақаҳои водии Ҳисор, вилоятҳои Хатлону Суғд анҷомпазируфта, натиҷаҳои дар ин самт бадастомада дар соҳаи кишоварзии мамлакат мавриди истифода қарор доранд. Академик Толиб Набиев муаллифи навъҳои ноҳиябандишудаи гандуми серҳосили «Садоқат» ва «Ориён» мебошад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим доранд.

Ба қалами устод беш аз 330 асару мақолаи илмию таълимӣ, аз ҷумла, китоби дарсӣ, монография, тавсияномаю дастурҳои методӣ тааллуқ доранд, ки дар маҷмӯъ, низоми илмию таълимии соҳаи зироаткорию растанипарварии Тоҷикистонро арзёбӣ мекунанд.

Дастовардҳои илмии академик Толиб Набиев дар бахши кишоварзӣ берун аз қаламрави Тоҷикистон, дар доираҳои илмии кишварҳои хориҷӣ низ пазируфта шудаанд. Ӯ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Миср, ИМА, Япония, Шветсия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо маърӯзаҳои илмӣ дастовардҳои илми кишоварзии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Тӯли фаъолияташ дар мақоми олии қонунгузор ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2005) дар таҳия ва қабули қонуну қарорҳои соҳавӣ ҳиссаи созгор гузоштааст. Аз ҷумла, дар таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ва «Дар бораи зотпарварӣ» иштирок намудааст, ки ҳоло мавриди амал қарор доранд.

Ҳангоми дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан бо пешниҳоди академик Т. Набиев ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти тадқиқоти илмии ҳимояи растаниҳо, Маркази ҷумҳуриявии миллии захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ, Маркази илмии академия дар вилояти Хатлон ва такягоҳи Институти тадқиқоти илмии оқсил дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд, ки ҳоло фаъолияти доманадор доранд. Дар баробари ин, барои ташкил намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмии самти кишоварзӣ, озмоишгоҳҳои нав, таъмиру тармими биноҳои асосӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир, истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои кишт, боғу токзор, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва ёрирасони муассисаҳои зертобеи академия саҳми созгор гузоштааст.

Академик Толиб Набиев ба тарбия ва дастгирии олимону мутахассисони ҷавони илмӣ ҳамеша диққати ҷиддӣ медиҳад. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаи докторӣ ва даҳҳо нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Метавон гуфт, ки дар ин ҷода мавсуф мактаби илмии худро бунёд намудааст.

Барои заҳматҳои пурсамар аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо ордени «Дӯстӣ» (2001), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (2021), нишони «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1991), «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018), «Медали тиллоии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон» (2018) ва дигар мукофоту ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки академик Толиб Набиев алҳол илми кишоварзии мамлакатро дар Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ намояндагӣ намуда, обрӯю манзалат ва эътибори илми кишоварзии Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Дар айни замон ин олими пурмаҳсул дар авҷи камолоту фаъолияти илмию эҷодӣ ва таълимӣ мебошад. Роҳи тайнамудаи академик Толиб Набиев дар ҷодаи илми кишоварзӣ мояи шарафу ифтихори мардуми Тоҷикистон ва шоистаи ибрати мутахассисону олимони ҷавон мебошад.

Тавре шоир фармудааст:

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,

Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.

Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,

Пойи равон набошад, нури басар набошад…

Қодири ҚОСИМ,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Икромӣ ФАЗЛИДДИН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон