Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шермуҳаммад Шоҳиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №607
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Р.П.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Рустам Пираҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №608
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ А.Н.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №609
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода З.Ф.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №610
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода А.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №611
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Ш.Ш.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ализода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №612
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Тағозода А.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №613
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода С.О.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №614
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р.П.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №615
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №616
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода А.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №617
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С.О.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №618
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбониён С.А.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбониён Сафаралӣ Алихон судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №619
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Амонзода Н.Ш.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Амонзода Намози Шариф судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №620
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобохонзода А.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобохонзода Асомуддин судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №621
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарзода Д.Қ.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Даврон Қувват судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №622
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шукурзод Н.Т.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шукурзод Назрулло Тағайбобо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №623
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода М.Ф.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саидзода Марзия Файзалӣ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №624
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шерзода Ҷ.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерзода Ҷурабек Сангинмурод судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №625
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода И.Р.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Исмоил Раҳим судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №626
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода З.М.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Баротзода Зумрад Маҳрамиён судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №627
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода З.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саидзода Зулфия Саид судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №628
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Ю.А.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №629
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳ.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №630
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳ.С.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №631
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Х.Ш.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №632
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Ф.Ҷ.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №633
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:
1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба маълумот гирифта шавад (замима мегардад).
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сохторҳои ҳарбӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо тақвият диҳад;
- фаъолиятро дар самти таъмини риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вайронгардидаи онҳо таҳким бахшад;
- риоя ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати баррасии пурраву холисонаи арзу шикоятҳо, ирсоли саривақтии ҷавобҳои мукаммалу асоснок ба муаллифони муроҷиатҳо ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, аз ҷумла бе сабабҳои узрнок қабул нагардидани шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомоту ташкилоти давлатӣ, чораҳои амалӣ андешад;
- бо мақсади таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба риоя ва иҷро гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққати аввалиндараҷа диҳад;
- ба амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои муайян ва бартараф намудани омилҳои ба содиршавии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, бахусус авбошии гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард, аз ҷониби наврасону ноболиғон мусоидаткунанда чораҳои мушаххас андешад;
- риояи қатъии қонунгузорӣ дар бораи замин ва шаҳрсозиро таъмин намуда, баҳри пешгирии сохтмони худсарона ва коҳиш додани қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо чораандешӣ намояд;
- назорати прокурориро ҷиҳати таъмини баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, асоснокии ҳисоботҳо оид ба талафоти неруи барқ ва қарздории муштариён, инчунин, шаффофияти ҷамъоварии маблағи неруи барқ тақвият диҳад;
- ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳ, бахусус риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби ронандагон назорати прокурориро вусъат бахшад;
- якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо ҷинояткориро таҳким бахшида, ба амалисозии тадбирҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, ҷиноятҳои киберӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳад;
- ҷиҳати таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар аз хабарҳои бардурӯғу иғвоангез, дорои хусусияти таассубгароиву ифротӣ ва вокуниши саривақтӣ ба онҳо, инчунин, пешгирии паҳншавии маводу иттилооте, ки ба фарҳангу арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд, тадбирҳои муассир андешад;
- назорати риоя ва иҷро гардидани қонунгузориро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин, дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии содиршавии ҷиноят ва амалҳои ғайриоинномавии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ созад;
- дар ҳамоҳангӣ бо дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия фаъолиятро дар самти огоҳсозӣ, ошкор ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бахусус дар мақомоту сохтори давлатӣ, таҳким бахшида, ҷиҳати пешгирии тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва пурра барқарор намудани зарарҳои молиявӣ чораҷӯйӣ намояд;
- назорати риоя ва иҷрои қонунҳоро дар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳким бахшида, ҷиҳати сари вақт ошкору ба қайд гирифтани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, таъмини тафтиши пурра, ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаҳо ва тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноятҳоро аз қайд пинҳоннамуда чораҳои таъсирбахш андешад;
- якҷо бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таъини ҷазо нисбат ба шахсони ҷиноятҳои коррупсионӣ содирнамударо дар давраи соли 2024 мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ, ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда ва пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав ҷиҳати қабул гардидани санадҳои судии қонунӣ, асоснок ва одилона тадбирҳои муассир андешад ва ҳангоми зарурат барои такмили қонунгузорӣ дар ин самт дар доираи ваколат чораҷӯйӣ намояд;
- иштироки самараноки прокуроронро дар мурофиаҳои судӣ таъмин карда, фаъолиятро ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми қабули санадҳои судӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ ҷоннок намояд.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои қарори мазкур моҳи июли соли 2025 ва моҳи январи соли 2026 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №634
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Идрисзода И.М.
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 88 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Идрисзода Илёс Мумин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №635