Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015»

№148 (3449) 03.11.2015

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

 

1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмудинов Сафаралӣ Маҳсудинович «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Гузоришу тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия гузошта шавад.

6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд,

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи   парламентӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                               А. Азизӣ

ш. Душанбе, 26 октябри соли 2015 №1

  Замима ба қарори ҷаласаи муҳокимаи  парламентӣ аз 26 октябри соли 2015 №1

 Тавсияҳои

муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- камбудию норасоиҳои молиявии дар раванди тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2015 муайяншуда бартараф карда, оид ба таъмини иҷрои босифати нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ дар соли 2015 чораҳои зарурӣ ва таъхирнопазир андешида шаванд;

- ҳангоми банақшагирии қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкониятҳои воқеии манбаъҳои худии даромади андозҳо ба инобат гирифта шаванд;

- бо мақсади нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои нақдии буҷетӣ талаботи қонунгузорӣ оид ба маблағҳои нақдии гардони хазинавӣ риоя карда шавад;

- бо мақсади пешгирӣ кардани хароҷоти барзиёди маблағҳои буҷетӣ банақшагирии хароҷотҳо ҳангоми тасдиқи сметаи хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо пешниҳоди дархости ҳисобҳои асоснокшуда амалӣ карда шавад;

- назорати пешакӣ ва дохилиидоравӣ оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағу воситаҳои давлатӣ пурзӯр карда шавад;

- дар раванди иҷрои буҷет маблағгузории саривақтии соҳаҳои иҷтимоӣ, дар навбати аввал пардохти маблағҳои пешбинишудаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва дигар уҳдадориҳои давлатӣ таъмин карда шавад;

- бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардидани истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ оид ба сари вақт ва пурра аз худ намудани захираҳои молиявии пешбинишуда ва ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- оиди дар сатҳи зарурӣ муайян намудани кумакҳои молиявӣ бо ноҳияҳои субвенсионӣ ва марҳила ба марҳила ба танзим даровардани масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

2.Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва шаффофи қисми даромади буҷет дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани баҳисобгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии объект ва манбаъҳои андозбандӣ, инчунин оид ба сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо, ки ҳамасола тамоюли зиёдшавиро доранд, корҳои назоратиро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти назоратии дахлдори ҷумҳурӣ тақвият бахшида, ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани амалҳои номатлуб низоми бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҷдиди назар карда шавад;

- инвентаризатсияи (баҳисобгирии) пурра ва асосноки тамоми объектҳои андозбандиро гузаронида, оид ба муайян ва ошкор намудани манбаъҳои иловагии андоз чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд;

- бо мақсади ба даст овардани боварии андозсупорандагон ба мақоми дахлдор оид ба кам кардани ҳар гуна чорабиниҳои назоратии ғайринақшавӣ ва пай дар пайи беасос чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- бо мақсади таъмини назорати қатъии маблағҳои гардон ва нақдӣ истифодаи мошинаҳои хазинавии дорои хотираи фискалӣ ба роҳ монда шавад.

3.Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати иҷрои босифат ва шаффофи нақшаи пешбинишуда, тақвияти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, назорати аудити дохилӣ оид ба риояи дақиқи қонунгузории гумрукӣ, пешгирии воридоти молҳо тариқи қочоқ (махсусан молҳои аксизӣ) чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- бо мақсади ҳар чӣ зиёд ворид гардидани молу мавод ба ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри ноил шудан ба боварии молворидкунандагон тақвият дода шуда, тартиб ва низоми барасмиятдарории молҳои гумрукӣ ба шароити имрӯза мутобиқ карда шаванд.

4.Ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар асоси санҷишҳои аудитӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ баҳодиҳӣ, пешниҳоди хулосаҳои асосноку шаффоф ва чораҷӯйиҳо барои бартараф кардани камбудиҳо дар муҳлати муайяншуда ба роҳ монда шавад;

- дар доираи гузаронидани санҷишҳои аудитӣ омӯзиш ва таҳлили самаранокии барнома ва лоиҳаҳои давлатӣ, истифодабарии самаранок ва мақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳо дар  мадди аввал қарор дода шавад;

- ҷиҳати барқарор намудани товони зарарҳои молиявии ошкоршуда чораҳои судманд андешида шаванд.

5.Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи буҷети соли молиявӣ нишондиҳандаҳои асосноки иқтисодӣ пешниҳод намояд;

- хароҷот барои сохтмони асосӣ воқеъбинона ба нақша гирифта шуда, маблағгузории асосноки сохтмонҳои нотамом ва ба ин васила кам кардани теъдоди онҳо идома дода шавад.

6.Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- баҳри пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии хароҷоти маблағҳои нафақа, ташкили низоми дурусти назорати таъину пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

7.Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ имкониятҳои афзоиши ҷамъоварии андозҳо дар ташаккули буҷетҳо ба инобат гирифта шуда, нақшаи даромадҳои худӣ ба таври воқеӣ тасдиқ карда шавад;

- назорати истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.