Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018» ба маълумот гирифта шавад.
2. Ахбори вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назокат Хайрулло ва муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Абдукарим Абдураҳим «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018» ба маълумот гирифта шавад.
3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).
4. Гузоришу тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.
5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия гузошта шавад.
6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.
Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2018, №9
Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи
парламентӣ аз 26 октябри соли 2018, №9
ТАВСИЯҲОИ МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ
«Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018»
Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:
1. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои босифати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад;
- идоракунии самараноки низоми молияи давлатӣ ва пешбурди сиёсати устувори буҷетӣ ва андозӣ дар ҳама самтҳо ба роҳ монда шавад;
- дар раванди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018 камбудӣ ва қонунвайронкуниҳои молиявии ошкоршударо бартараф намуда, назорати пешакӣ ва дохилиидоравӣ (аудити дохилӣ) дар вазорату идораҳои дахлдор оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ тақвият дода, масъулияти онҳо баланд бардошта шавад;
- дар ҷараёни банақшагирии қисми даромади буҷет имкониятҳои афзоиши манбаи андозҳо ва сафарбарнамоии захираҳои молиявӣ, пеш аз ҳама, банақшагирии даромадҳои худӣ ба таври воқеӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад;
- бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, банақшагирии маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ, вазифавӣ, барномавӣ ва иқтисодӣ дар асоси дархостҳои асоснок ба роҳ монда, маблағгузориҳо ба таври воқеӣ омӯзиш ва пешбинӣ карда шавад;
- нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои нақдии буҷетӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя карда шавад;
- дар раванди иҷроиши буҷет дар мадди аввал таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва уҳдадориҳои дигари давлатӣ ба роҳ монда, сифатнокии иҷрои он таъмин карда шавад;
- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва воқеӣ муайян намудани маблағи кумакҳои молиявӣ (субвенсия) ба ноҳияҳои субвенсионӣ, имкониятҳои аслии даромадҳои худии ноҳияҳо ва маблағҳои озоди буҷетии бадастомада мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ба ин васила оид ба танзим ва коҳиш додани ҳаҷми кумакҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳоро, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб мешаванд, таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори мутасаддӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, сари вақт ва пурра аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда ва ҷалбгардида чораҳои судманд андешида шаванд;
- шаклҳои пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, молиявӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот мукаммал гардонида шаванд;
- таҳлили сифати иҷрои буҷет ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, имкониятҳои воқеии маҳалҳо ба назар гирифта шаванд.
2. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар раванди таҳияи Буҷети давлатӣ ва нишондиҳандаҳо барои солҳои оянда бо мақсади таъмини шаффофият ва воқеияти таҳияи буҷет дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба таври воқеӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили асоснок қарор дода шаванд;
- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ кам кардани шумораи сохтмонҳои нотамом, маблағгузорӣ ба сохтмонҳои асосӣ ва нотамом дар нақша пешбинӣ шуда, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
3. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ дар ин самт барои такмили низоми маъмурикунонии андоз чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани нақшаи пешбинишуда корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупорандагон тақвият дода шавад;
- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва босифат иҷро намудани қисми даромади Буҷети давлатӣ оид ба рӯёнидан ва коҳиш додани бақияпулиҳои андоз чораҳои саривақтӣ андешида, ҳамзамон, сабабу омилҳои пайдоиши қарзи бақияпулиҳо мавриди омӯзиш ва таҳлили воқеӣ қарор дода шавад;
- корҳо ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ, баҳисобгирии объектҳо ва андозсупорандагон, инчунин, барои дақиқ намудани ҳисобот, насб ва истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ, ки айни ҳол идома доранд, тақвият дода шаванд;
- бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани хавфи қонунвайронкуниҳои андоз, ноил шудан ба боварии андозсупорандагон, баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон корҳои ҳавасмандкунӣ ба роҳ монда шавад.
4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади батанзимдарории воридоти молҳо ба ҷумҳурӣ фаъолияти назорати аудити дохилӣ оид ба риояи қонунгузории гумрукӣ, пешгирии воридоти мол тариқи қочоқ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ тақвият дода шавад;
- ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои молворидкунандагон, таъмини шаффофият дар барасмиятдарории гумрукӣ, содагардонии расмиёти воридотӣ ва содиротии молҳо татбиқи низомҳои «Равзанаи ягона» ва «Истгоҳи ягона» тақвият дода, тибқи тартиби амалкунанда барасмиятдарорӣ бо усулҳои муайяншуда ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои асосноки воридотӣ ба роҳ монда шавад;
- бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани молворидкунандагон ва ноил шудан ба боварии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дигар чораҳои қадрдонӣ тибқи тартиб ба роҳ монда шуда, ба маҳдудиятҳо дар барасмиятдарорӣ роҳ дода нашавад.
5. Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи пешбинишуда, пурра таъмин намудани маблағгузории талаботи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои судманд андешида шаванд;
- ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва пайдо намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ, баҳисобгирии пурраи нафақагирон ва объектҳои андозбандишаванда тақвият дода шуда, корҳои назоратӣ тибқи тартиб ба роҳ монда шаванд;
- бо мақсади роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриқонунии истифодабарии хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин, тасарруфи маблағҳо, ҳамкории агентӣ бо Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷамоатҳо ва раисони маҳалҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
6. Ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади муайян намудани сабабу омилҳои маблағгузориҳои бесамар, хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруф ва азонихудкунии маблағу воситаҳои давлатӣ дар раванди чорабиниҳои назоратӣ, тафтиши молиявии вазорату идораҳо ва тафтиши маҷмӯии ташаккули буҷетҳои маҳаллӣ омӯзишу таҳлили васеи асосноки масъалаҳои муайяншуда ба роҳ монда шавад;
- дар раванди санҷишҳои аудитории марказҳои татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ ва барномаҳои давлатии қабулшуда, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад;
- ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу мақсадҳои ниҳоии муайяншудаи барномаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳои дахлдор, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, гузаронидани аудити самаранокӣ ва натиҷанокӣ ба роҳ монда шавад.
7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҳангоми таҳия намудани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ имкониятҳои воқеии худии ҷамъоварии андозҳо ба инобат гирифта, барои аз байн бурдани қарзи бақияпулиҳои андоз чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии буҷетҳои маҳаллӣ риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳамзамон бо истифодаи мақсадноки маблағҳои худӣ ва озоди буҷетии дар маҳалҳо бадастомада, ҳаҷми кумакҳои молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ давра ба давра кам карда шавад;
- фаъолияти аудити дохилӣ оид ба назорати пешакии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷет дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи тартиби муайяншуда ба роҳ монда шавад.