Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№101 (4521) 15.08.2022

Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 аз 14 августи соли 2022, ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36–ро гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Номзадҳо Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо гирифтани 35 ҳазору 247 (60,51%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Шерализода Муҳамадулло Умар бо гирифтани 77 ҳазору 655 (54,7%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо гирифтани 78 ҳазору 865 (75,0%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара №36, ки дар интихоботи 14 августи соли 2022 интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд.

3. Ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида, шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Б. ХУДОЁРЗОДА

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Н. САМАДЗОДА

шаҳри  Душанбе, 15 августи соли 2022, № 177