Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№61-62 (4644-4645) 10.05.2023

Дар бораи таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд № 13

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 рӯзи 16 июли соли 2023 таъин карда шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Б. ХУДОЁРЗОДА

Котиби Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Н. САМАДЗОДА

ш. Душанбе, 10 майи соли 2023, № 184