Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№40 (4936) 31.03.2025

6Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои аъзои интихобшуда

Мувофиқи моддаҳои 12, 43, 51, 52, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандата дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо иштироки  аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки мувофиқи талаботи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» 25 аъзо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоб гардиданд.

3. Номзадҳое, ки дар интихоботи рӯзи 28 марти соли 2025 интихоб шудаанд, тибқи рӯйхат ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

4. Ба аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

 Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Б. ХУДОЁРЗОДА

 

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Н. САМАДЗОДА

ш. Душанбе, 28 марти соли 2025, №87

Замима ба банди 3 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №87

РӮЙХАТИ ДАЪВАТИ НАВИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ РӮЗИ 28 МАРТИ СОЛИ 2025 ИНТИХОБ КАРДА ШУДААНД

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи

аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1

1. Мирзонабот

Алишер Худоберди

1980 соли таваллуд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокини шаҳри Хоруғ
2. Назарзода

Ризо Шоди

1988 соли таваллуд, раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокини шаҳри Хоруғ
3. Раҷабзода

Зунайда Абунаср

1985 соли таваллуд, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокини ноҳияи Рӯшон
4. Иматшозода

Анвар Иматшо

1978 соли таваллуд, раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокини ноҳияи Ишкошим
5. Носирзода

Умедҷон Саидҷон

1981 соли таваллуд, раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокини ноҳияи Дарвоз

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд №2

6. Аҳмадзода

Раҷаббой

1971 соли таваллуд, раиси вилояти Суғд, сокини шаҳри Хуҷанд
7. Рустамзода

Замира Темурмалик

1978 соли таваллуд, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон», сокини ноҳияи Б.Ғафуров
8. Ғафурзода

Дилором

1973 соли таваллуд, директори муассисаи таълимии миёнаи умумии №7 шаҳри Конибодом, сокини шаҳри Конибодом
9. Маъмурзода

Адҳам Маъмур

1983 соли таваллуд, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, сокини шаҳри Истаравшан
10. Холиқзода

Абдухолиқ Санавбар

1981 соли таваллуд, раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, сокини шаҳри Панҷакент

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон №3

11. Давлаталӣ Саид 1970 соли таваллуд, раиси вилояти Хатлон, сокини шаҳри Бохтар
12. Назарзода

Бахтиёр Худоёр

1969 соли таваллуд, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, сокини шаҳри Кӯлоб
13. Назирӣ

Зариф Вализода

1973 соли таваллуд, раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Фархор
14. Вализода

Икромиддин

Сироҷиддин

1974 соли таваллуд, раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Ёвон
15. Сабурзода

Мирзодавлат Абдолӣ

1964 соли таваллуд, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, сокини ноҳияи Қубодиён

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе №4

16. Рустами Эмомалӣ 1987 соли таваллуд, раиси шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе
17. Каримзода

Мунира Бобохон

1972 соли таваллуд, сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», сокини шаҳри Душанбе
18. Муҳиддин

Нуриддин Давлатали

1970 соли таваллуд, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», сокини шаҳри Душанбе
19. Давлатзода

Қудрат Қамбар

1972 соли таваллуд, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, сокини шаҳри Душанбе
20. Хушвахтзода

Қобилҷон Хушвахт

1982 соли таваллуд, президенти Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5

21. Акрамзода

Парвиз Акрам

1980 соли таваллуд, раиси шаҳри Турсунзода, сокини шаҳри Турсунзода
22. Носирзода

Ҷаббор

1971 соли таваллуд, раиси шаҳри Ҳисор, сокини шаҳри Ҳисор
23. Ҳикматуллозода

Абдуғаффор

1975 соли таваллуд, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
24. Абдураҳимзода

Шоира Абдуғаффор

1976 соли таваллуд, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, сокини шаҳри Ваҳдат
25. Идизода

Зарина Фузайлшо

1979 соли таваллуд, раиси ноҳияи Рашт, сокини ноҳияи Рашт