Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№75 (3869) 19.06.2018

Дар бораи натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати вакили интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаҳои 12, 54 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколи Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 дар бораи натиҷаи интихоботе, ки 17 июни соли 2018 гузаронида шуд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40, ки 17 июни соли 2018 сурат гирифт, баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич бо гирифтани 98,7 фоизи овозҳои интихобкунандагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида, ба қайд гирифта, ваколати вакилии ӯ тасдиқ карда шавад.

3. Ба вакили интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич шаҳодатнома супорида шавад.

Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии                      

интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон             М.  Азизова

 ш. Душанбе, 18 июни соли 2018, №15