Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№53 (4315) 22.04.2021

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои вакилони интихобшуда

Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32 аз 18 апрели соли 2021 ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32-ро гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32 баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Номзадҳо Қосимӣ Файзулло бо гирифтани 71 598 (74,71%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 87 301 (73,2%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 67 906 (65,9%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 70 096 (66,3%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32, ки дар интихоботи рӯзи 18 апрели соли 2021 интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд.

3. Ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида, шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н. Самадзода

шаҳри Душанбе, 19 апрели соли 2021, № 161