Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъин кардани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1

№1 (3951) 03.01.2019

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 рӯзи 4 марти соли 2019 таъин карда шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. Азизова

шаҳри Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1