Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Г. С., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода А. А., сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кучакшозода А. Д., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Л. Қ. ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова М. «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба инобат гирифта шавад.
2. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти таклифу дархостҳо ва пешниҳоди воридгардида қабул карда шаванд (замима мегардад).
3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ҷиҳати чораҷӯйӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шаванд.
4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.
5. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳар як нимсола оид ба рафти иҷрои тавсияҳои қабулгардида ба Кумита ахбороти хаттӣ ирсол намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гузошта шавад.
Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
Қурбонзода Ҳ. Ҷ.
ш. Душанбе, 30 октябри соли 2017, № 3