Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Расулзода Н. Ғ.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Расулзода Нуриддин Ғафор судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, №283