Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№17-18 (3654-3655) 18.02.2017

Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» баррасӣ намуда, баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

1.  Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016»  ба   инобат  гирифта шавад.

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати прокурориро баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ:

- бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ  таҳкиму тақвият бахшад;

- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд, пурзӯр намояд;

- тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро муайян намуда, бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мубориза бар зидди коррупсияро пурзӯр ва барои фароҳам овардани фазои оштинопазир ба ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххаси иловагӣ андешад;

- ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият бобати  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ, баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо чораандешӣ намояд;

- дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштироки фаъолонаи прокуроронро таъмин ва барои ба амалбарории адолати судӣ, қабули санадҳои қонунӣ мусоидат намуда, иҷрои воқеии санадҳои судиро пайваста таҳти назорат қарор диҳад;

- ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ оид ба замин ва шаҳрсозӣ, истифодаи оқилона, мақсаднок ва самараноки он аз ҷониби мақомоти дахлдор чораҳои иловагии прокурорӣ андешад;

- баҳри иҷрои қонунгузорӣ оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон чораҳои муассиру мушаххас андешад;

- бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии истеҳсол, ворид ва фурӯши дорувории пастсифат ҳолати иҷрои қонунгузориро оид ба маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад;

- назоратро оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва шаҳрвандон самаранок ба роҳ монад;

- иҷрои қонунгузории андозро таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри ошкор намудани ҳолатҳои пинҳон кардани андозҳо,  рӯёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз ва бо ин васила ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ тадбирҳои судманд андешад;

- ҳолати иҷрои қонунгузории гумрукро ҷиҳати ошкор ва пешгирии кочоқи молу маҳсулот, воридоти маҳсулоти пастсифат, дуруст ба расмият даровардани молу маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшаванда мунтазам мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта чораҷӯйӣ намояд;

- баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон назорати прокурориро пурзӯр намуда, дар ҳамбастагӣ бо кормандони маориф, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро пайваста тавсеаю тақвият бахшад;

- вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар мавриди будубоши онҳо дар кишвар таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;

- таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгаройӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ такмилу таҳким бахшида, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он пурзӯр намуда, ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ дар мавриди бақайдгирии ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорон ва пешбурди фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ  тадбирҳои зарурӣ андешад;

- ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, маблағгузории онҳо диққати махсус дода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои хориҷӣ чораҳои иловагӣ андешад;

- иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таъмин намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг ва назорат намояд;

- назорати прокурориро оид ба таҳқиқ ва тафтиши  пешакӣ пурзӯр намуда, ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии ҳолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ дастгир намудан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва маҳкум намудани шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешад;

- иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ба беҳтар намудани таъмини амнияти муассисаҳои ислоҳӣ, риояи реҷаи нигоҳдории маҳкумшудагон, асоснокии иваз намудани низоми адои ҷазо ва пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби кормандони онҳо чораҷӯйӣ намояд;

- баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ, омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи моликият ва нигоҳдории силоҳу техникаи ҷангӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ  назоратро пурзӯр намояд;

- ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии фаъолият бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ чораҳои мушаххасро амалӣ ва ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- фаъолиятро дар самти тарғибу ташвиқи қонунҳои амалкунанда таҳким бахшида, бо ин васила ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд;

- дар рафти амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳангоми зарурати такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ё ба мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ таклифҳои судманд пешниҳод намояд.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарор ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори расмӣ пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои Қарор ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 316