Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 487