Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М. Н.

№27-28 (4767-4768) 29.02.2024

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Наимзода Марҳабо Наим бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 475