Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод ва номгузорӣ намудани онҳо, инчунин, иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Файзобод ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номгузорӣ карда шаванд:

- маҳали аҳолинишини Оби Файзободи деҳоти Меҳробод ба деҳаи Оби Шифо;

- маҳали аҳолинишини Дараи аловаки деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Дӯстӣ;

- маҳали аҳолинишини ҳудуди деҳаи Кӯлобиёни деҳоти Чашмасор ба деҳаи Истиқлол;

- маҳали аҳолинишини ҳудуди деҳаи Тахтиалифи деҳоти Чашмасор ба деҳаи Меҳргон;

2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Файзобод иваз карда шаванд:

- деҳоти Вашгирд ба деҳоти Баҳор;

- шаҳраки Файзобод ба шаҳраки Вашгирд;

- деҳаи Қанғелии деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба деҳаи Зарнисор;

- деҳаи Ҷавонони деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Хуҷамард.

 Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 525