Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 6, 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба категорияи деҳа мансуб дониста, Заррез номгузорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 375