Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарор мекунад:
Дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот бекор карда шуда, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 223