Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода Мирзоамон Ҳамдам бо сабаби ба кори дигар гузаштан ризоият дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 480