Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-45 аз 2 марти соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш ризоят дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 763