Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-35 аз 22 январи соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ризоят дода шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 751