Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъа­лаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз карда шаванд:

1) дар шаҳри Истаравшан:

- деҳаи Бафоии деҳоти Гули Сурх ба деҳаи Вафоӣ;

- деҳаи Саричияки деҳоти Қалъачаи Калон ба деҳаи Саричак;

2) дар шаҳри Панҷакент:

- деҳаи Киштудаки Поёни деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Киштудаки Пойин;

- деҳаи Сойи Вешисти деҳоти Ёрӣ ба деҳаи Нови Вешист;

- деҳаи Уртақишлоқи деҳоти Саразм ба деҳаи Миёндеҳ;

- деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Ғезани Пойин;

- деҳаи Майдони Моғиёни деҳоти Моғиён ба деҳаи Моғиёнмайдон;

- деҳаи Рашнаи поёни деҳоти Шинг ба деҳаи Рашнаи Пойин;

- деҳаи Ҳушёрии деҳоти Шинг ба деҳаи Ҳушор;

3) дар ноҳияи Ашт:

- деҳаи Ашти Поёни деҳоти Ашт ба деҳаи Ашти Пойин;

- деҳаи Каттасарқамиши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Найистон.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 523