Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» аз 29 феврали соли 2020, №151 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 4, 9, 14 ва 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сарҳади шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби пурра ба он ҳамроҳ намудани деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба ва қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленингради деҳоти «Ҳалевард» тағйир дода шавад.
2. Сарҳади деҳоти «Ҳалевард» аз ҳисоби ба шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пурра ҳамроҳ намудани деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба ва қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленинград тағйир дода, маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба қисми боқимондаи деҳаи Максим Горкийи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯчонида шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 760