Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 14 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон шаҳраки нав таъсис дода шуда, Сарбанд номгузорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 400