Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод» аз 29 августи соли 2017, № 410 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 479