Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» баррасӣ намуда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» ба инобат гирифта шавад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаю пайгирона бо мақсади такмилу таҳкими назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо:
- назорати прокурориро оид ба таъмини ташаккули низоми муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ тавассути чораҳои таъхирнопазири мутамарказонидашуда дар самти назорати умумӣ бо таҳия ва тасдиқи барномаи махсус роҳандозӣ намояд;
- назорати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектҳои марбутаро тақвият бахшад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоту сохторҳои марбутаи ҷамъиятӣ, илмӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оила, модару кӯдак фаъолияти босамари прокурориро ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо равона намуда, ба тарғиб кардани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида, бо ин васила ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд;
- баҳри баланд бардоштани интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти давлатӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд;
- ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолшуда ва бартараф кардани қонунвайронкуниҳо чораандешӣ намояд;
- таваҷҷуҳи хоса ба иҷрои қонунгузорӣ оид ба моликият, буҷет, андоз ва гумрук зоҳир намуда, ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки молу мулк ва маблағҳои буҷетӣ, пинҳон кардани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла боҷи давлатӣ ва пардохтҳои гумрукӣ, рӯёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз, сари вақт ва бо пуррагӣ ба буҷет ворид кардани маблағҳои иловагии ошкоршуда, тадбирҳои судмандро амалӣ гардонад;
- риояи назорати прокурориро дар самти қонунгузорӣ оид ба замин, шаҳрсозӣ ва бақайдгирии давлатии иншооти ғайриманқул тақвият бахшад;
- барои пешгирии истихроҷи ғайриқонунии сарватҳои зеризаминӣ, боигариҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист чораандешӣ намояд;
- назорати иҷрои бемайлони талаботи қонунгузорӣ дар бораи сармоягузорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва субъектҳои соҳибкориро дар тамоми соҳаҳо ва субъектҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулот, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои истеҳсолӣ»-ро бо мақомоти марбутаи ваколатдори давлатӣ пурзӯр намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба санҷишҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои заруриро андешад;
- ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад;
- чораҳои эътиноии прокурориро доир ба иҷрои қонунунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, пардохти пурраи саривақтии музди меҳнат, техникаи бехатарӣ ва кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таҳким бахшад;
- дар раванди татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҷрибаи назорати прокурориро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ мусоидат намояд;
- дар радифи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 чораҳои эътиноии прокурориро баҳри риоя ва иҷрои қонунгузории соҳаи мазкур тақвият бахшад;
- иҷро намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;
- доир ба пешгирии фаъолияти ғайриқонунии иттиҳодияҳои динӣ, таблиғу ташвиқи ақидаву афкори экстремистӣ, инчунин аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифтани таълимоту таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намояд;
- баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо назорати иҷрои қонунҳоро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр гардонад;
- ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили куштор, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон чораҳои иловагӣ андешад;
- оид ба пешгирӣ ва рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта сабабу ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба онро амиқ таҳлил ва чораҳои таъҷилӣ роҳандозӣ намояд;
- барои пешгирии ҳолатҳои беасос оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгиру ҳабс намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон, чораҳои таъсиррасонии прокурориро тақвият ва талаботро нисбати риояи қонунгузории мурофиавӣ густариш бахшида, бо натиҷагирӣ аз муроҷиатҳою ҳолатҳои ҷойдошта амал ва қарорҳои ғайриқонуниву беасоси мансабдороне, ки пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба зимма доранд, сари вақт баррасӣ карда, ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешад;
- назорати прокурориро ҷиҳати вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар мавриди будубоши онҳо дар ҳудуди кишвар пурзӯр намояд;
- интизоми бақайдгирии ҷиноятҳоро дар фаъолияти субъекти бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад;
- бо иштирок дар мурофиаи судӣ баҳри боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият бобати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлатӣ, шаклҳои гуногуни моликият, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо чораҳои иловагӣ андешад;
- иштироки прокуророни тобеъро дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ таъмин, хулосаҳо ва айбдоркунандаи давлатиро барои мусоидат ба пешбурди адолати судӣ ва қабули санадҳои қонунӣ равона намояд;
- иҷрои қонунҳоро дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;
- ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии фаъолият бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бо ҷинояткориву пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, истирдоди ҷинояткорон, пешгирии низоъҳо дар сарҳад ва убури ғайриқонунии он, тадбирҳои зарурӣ андешад;
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори мазкур ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори расмӣ пешниҳод намояд.
4. Назорати иҷрои Қарор ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 521