Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

№ 29.02.2024

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» қарор мекунад:

1. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба маълумот гирифта шавад (замима мегардад).

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сохторҳои ҳарбӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо тақвият диҳад;

- фаъолиятро дар самти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баррасии ҳамаҷонибаву саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳким бахшад;

- дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими мақом ва волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккул додани ҳисси оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ корҳои таблиғотиро тавсеа диҳад;

- ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тадбирҳо андешад;

- назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, бахусус, пардохти саривақтии музди меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи саломатӣ дар раванди меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро пурзӯр намояд;

- ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти идора ва ихтиёрдории моликияти давлатӣ, ҳифзу нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла риояи тартибу қоидаҳои бор кардан ва интиқоли молу маҳсулот, ҳифзи муҳити зист, бахусус, ҳайвоноти нодир тадбирҳои иловагӣ андешад;

- фаъолияти мақомоти назоративу санҷиширо дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, озуқаворӣ, экологӣ, энергетикӣ, санитарию эпидемиологӣ, аз ҷумла ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини  сифати маводи доруворӣ, инчунин, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;

- ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар бораи замин ва шаҳрсозӣ, бахусус, пешгирии сохтмони худсарона ва қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо чораҳои эътиноии прокурориро таҳким бахшад;

- якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни мубориза бо ҷинояткорӣ ба амалисозии тадбирҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, ҷиноятҳои киберӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ эътибори хоса зоҳир намояд;

- дар ҳамоҳангӣ бо дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия фаъолиятро дар самти огоҳсозӣ, ошкор ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бахусус, дар мақомоту сохтори давлатӣ таҳким бахшида, ҷиҳати пешгирии тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва пурра барқарор намудани зарарҳои молиявӣ чораҳои қатъӣ андешад;

- аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ риоя гардидани қонунҳоро зери таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз тарафи судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҷӯйӣ намояд;

- бо иштироки фаъолонаи прокуророн дар мурофиаҳои судӣ риояи қонунгузорӣ ва қабули санадҳои қонунӣ, асоснок ва одилонаро таъмин намояд.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои қарори мазкур моҳи июли соли 2024 ва моҳи январи соли 2025 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 485