Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод

№78 - 79 (4661 - 4662) 16.06.2023

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Тоҷикобод иваз карда шавад:

- деҳаи Мазори Болои деҳоти Лангари Шоҳ ба деҳаи Обшорон;

- деҳаи Мазори Поёни деҳоти Лангари Шоҳ ба деҳаи Оҳангарон.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 399