Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

№86 (3723) 20.07.2017

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» аз 27 майи соли 2017, №256 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси   миллии   Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаҳои Урта–Қайнари деҳоти «Норин» ва Ғорбулоқи деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон мувофиқан ба деҳаи Зафар ва деҳаи Ғорчашма тағйир дода шаванд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 12 июли соли  2017, № 436