Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ба инобат гирифта шавад.
2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои вилояти Хатлон иваз карда шаванд:
1) дар ноҳияи Фархор:
- деҳоти Деҳқонариқ ба деҳоти Деҳқонобод;
- деҳоти 20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба деҳоти Истиқлол;
- деҳоти Ғайрат ба деҳоти Хуросон;
- деҳоти Ғалаба ба деҳоти Хутан;
- деҳаи Хуррамзамини деҳоти Фархор ба деҳаи Ориён.
2) дар ноҳияи Данғара:
- деҳоти Оқсу ба деҳоти Сафобахш;
- деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии деҳоти Себистон ба деҳаи Себистон;
- деҳаи Мундоқи деҳоти ба номи Исмат Шарифов ба деҳаи Доманкӯҳ;
- деҳаи Қанғии деҳоти ба номи Исмат Шарифов ба деҳаи Меҳргон.
3) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:
- деҳоти Узун ба деҳоти Золи Зар;
- деҳоти Фрунзе ба деҳоти Навоӣ;
- деҳаи Москваи шаҳраки Гулистон ба деҳаи Зарзамин;
- деҳаи Ҳосилоти шаҳраки Гулистон ба деҳаи Обчакорон;
- деҳаи Кирови шаҳраки Гулистон ба деҳаи Даштобод;
- деҳаи Тошрободи шаҳраки Гулистон ба деҳаи Сабзадашт.
4) дар ноҳияи Темурмалик:
- шаҳраки Совет ба шаҳраки Баҳманрӯд;
- деҳоти ба номи Лақай Қармишев ба деҳоти Кӯшктеппа;
- деҳоти ба номи Бобоюнус ба деҳоти Чилчаҳ;
- деҳоти Қарақамиш ба деҳоти Ҳусайнобод.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 147