Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод ба инобат гирифта шавад.
2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Нуробод иваз карда шавад:
- деҳоти Комсомолобод ба деҳоти Меҳробод;
- деҳаи Комсомолободи деҳоти Комсомолобод ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод;
- деҳаи Қумоқи деҳоти Ҳакимӣ ба деҳаи Хумроғи деҳоти Ҳакимӣ.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 175