Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод ба инобат гирифта шавад.
2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Тоҷикобод иваз карда шаванд:
- деҳоти ба номи Мунавваршоҳ Шогадоев ба деҳоти Зарафшон;
- деҳаи Зарафшони деҳоти ба номи Мунавваршоҳ Шогадоев ба деҳаи Шинг;
- деҳаи Келинбоқии деҳоти Қалъаи Лаби Об ба деҳаи Сурхкӯҳ;
- деҳаи Капалии деҳоти Қалъаи Лаби Об ба деҳаи Сафедмун;
- деҳаи Анвар Қаландарови деҳоти Лангари Шоҳ ба деҳаи Анваробод.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 148