Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

№81 (4343) 22.06.2021

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба инобат гирифта шавад.

2. Номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини зерини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иваз карда шавад:

1) дар шаҳри Исфара:

- деҳоти Шаҳрак ба деҳоти Зумрад;

- деҳаи Чорқишлоқи деҳоти Шаҳрак ба деҳаи Чордеҳ;

- деҳаи Матпарии деҳоти Шаҳрак ба деҳаи Моҳпарӣ;

2) дар шаҳри Истаравшан:

- деҳаи Ҳавотоғи деҳоти Ниҷон ба деҳаи Шодобдеҳ;

- деҳаи Ҷарқӯрғони деҳоти Зарҳалол ба деҳаи Куҳандиж;

3) дар шаҳри Конибодом:

- деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ба деҳоти Фирӯзоба;

- деҳоти ба номи Эргаш Шарифов ба деҳоти Куҳандиёр;

4) дар шаҳри Панҷакент:

- деҳаи Қумсойи деҳоти Сӯҷина ба деҳаи Соҳил;

- деҳаи Пушти Қӯрғони деҳоти Моғиён ба деҳаи Пуштакӯҳ;

- деҳаи Авазалии деҳоти Саразм ба деҳаи Шоҳгузар;

- деҳаи Соҳибназари деҳоти Саразм ба деҳаи Шоҳканд;

- деҳаи Абдусамади деҳоти Саразм ба деҳаи Самадобод;

- деҳаи Раҷабалии деҳоти Саразм ба деҳаи Раҷабобод;

5) дар ноҳияи Зафаробод:

- шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев ба шаҳраки Суғдиён;

- деҳаи Ҷомии деҳоти Ҷомӣ ба деҳаи Сомониён;

6) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- деҳаи Қотмаи деҳоти Ғозиён ба деҳаи Шоҳиён;

- деҳаи Хилватқӯрғони деҳоти Ёва ба деҳаи Қалъаманор;

- деҳаи Аждарлии деҳоти ба номи Исмоил ба деҳаи Ориён;

- деҳаи Янгиқӯрғони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ба деҳаи Деҳсор;

- деҳаи Қӯрғончаи деҳоти ба номи Исмоил ба деҳаи Куҳандеҳ;

7) дар ноҳияи Шаҳристон:

- деҳаи Турсунзодаи деҳоти Шаҳрис­тон ба деҳаи Чилҳуҷра;

8) дар ноҳияи Ашт;

- деҳаи Сарқамиши деҳоти Ифтихор ба деҳаи Сарсабз;

- деҳаи Қароқазони деҳоти Меҳробод ба деҳаи Чоҳи Исфаҳон.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикис­тон                      Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 173