Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мисконободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба «30 — солагии Истиқлол» ба инобат гирифта шавад.
2. Номи деҳаи Фақирободи деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба деҳаи Обшорон иваз карда шавад.
3. Деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуда, номи он ба «30-солагии Истиқлол» иваз карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2022, № 278