Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор ба инобат гирифта шавад.
2. Номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор иваз карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 174