Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №698 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба ноҳияи Шаҳритус»-ро баррасӣ намуда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус иваз карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 131