Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 марти соли 2020, №9
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло
муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро соли 1985 аз вазифаи нотариуси идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фархор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои узви Суди вилояти Кӯлоб, узви Суди вилояти Хатлон, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, раиси Суди шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм, чорум ва панҷум фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2016 раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Комиссия доир ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.
Солҳои 2016-2019 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аз 4 марти соли 2019 то 6 марти соли 2020 дар вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум, мушовири давлатии хизмати давлатӣ, судяи дорои тахассуси олӣ мебошад.
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.