Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кабиров Мизроб Саидович роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 марти соли 2020, №38
Кабиров Мизроб Саидович
роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кабиров Мизроб Саидович 27 июли соли 1958 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1975 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб ва соли 1983 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, солҳои 1983-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 дар вазифаи котиби Суди халқии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) оғоз намуда, солҳои 1981-1983 судиҷрочии ҳамин суд ва аз моҳи майи соли 1984 то моҳи майи соли 1987 нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии №3 шаҳри Душанбе буд.
Аз соли 1987 сармушовир, муовини раис ва аз моҳи марти соли 1990 то моҳи майи соли 1995 раиси Президиуми Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-1999 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, солҳои 1995 — 2010 муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1999-2003 вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004-2010 муовин ва муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010-2016 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Аз соли 2016 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.