ҚАРОРИ муҳокимаи парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№№14 (3964) 05.02.2019

Муҳокимаи парламентӣ гузоришҳои Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита­ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Шарофзода Гавҳар — раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Бег Хол — муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ — директори Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Осимзода Муҳаммадиброҳим — муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло — директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоҳизарониҳои Раҳимӣ Фарҳод — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, Шоназаров Содиқ Ашурович — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндагони як қатор мақомоти давлатиро оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳоро дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, мутобиқи сархати 5 моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 7 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тавсияҳои замимагардидаи муҳокимаи парламентӣ барои маълумот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасӣ ба вазоратҳои фарҳанг ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хизмати давлатӣ ва омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои забон ва истилоҳот, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шаванд.

2. Аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида баҳри такмил додани қонуни зикршуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута фаъолияти муттасилро амалӣ намоянд.

3. Қарори мазкур ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр карда шаванд.

4. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ иҷрои қарори мазкурро таҳти назорат гирифта, аз ҷараёни татбиқи он на дертар аз 1 ­сентябри соли 2019 ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.

Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ М. ИМОМЗОДА

ш. Душанбе, 19 декабри соли 2018, №3

Замима ба қарори муҳокимаи парламентӣ аз 19 декабри соли 2018

ТАВСИЯҲОИ МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ

оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавсияҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шаванд:

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ:

- мунтазам таҳлили қонунгузорӣ дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, бо натиҷагирӣ аз он дар ҷаласаи Кумита ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори муфассал ва пешниҳодҳои судманд манзур намояд;

- ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои номгузориву номивазкунии воҳид­ҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо кӯмаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ва методӣ расонад;

- дар ҳамкорӣ бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории семинар ё курсҳои махсус бо фарогирии кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҷиҳати омӯзиши риояи дақиқ ва татбиқи якхелаи қонунгузорӣ дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассирро роҳандозӣ намоянд;

- таклифу пешниҳодҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро оид ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор диҳад;

- ба аъзои Маҷлиси миллӣ барои таҳияи лоиҳаи қонунҳо ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки ба Маҷлиси миллӣ ворид мегарданд, пайваста мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, тавассути Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ доир ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта масъалагузорӣ намояд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар мавриди ҳалли масъалаҳои вобаста ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо:

- риояи талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро таъмин намуда, хулосаи марбутаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд;

- ҳангоми иваз намудани номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо, ки бо номи объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти умумидавлатӣ ё байналмилалидошта, ки ба номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ дохил шудаанд, хулосаи марбутаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд;

- дар мавриди номгузорӣ афкори ҷомеаро тавассути сомонаҳо, почтаҳои электронӣ, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба эътибор гиранд;

- ба сокинони воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо барои интихоби ном бо арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, худшиносӣ, тарғиби тамаддуну фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум мусоидат намоянд;

- аз 1 январи соли 2019 нусхаи қарор ва протоколҳои иҷлосияҳоро оид ба масъалаи номгузориву номивазкунӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- то 1 апрели соли 2019 ҳолати бақайд­гириву баҳисобгирии тамоми воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомоти омор мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба унвони Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ бо дарҷи ҳолати бақайдгириву баҳисобгирии ном ва шумораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо, аз ҷумла мавзеъҳои нави аҳолинишин, ки ном надоранд, маълумоти заруриро пешниҳод намоянд;

- ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» чораҳои муассиру тақвиятбахшандаи фаъолиятро таҳия ва татбиқ созанд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- феҳристи ягонаи номҳои объектҳои ҷуғрофиро таҳия намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барои истифода зимни номгузориву номивазкунӣ ирсол намояд;

- ҳангоми баррасии масъалаи номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо афзалиятро танҳо ба номҳои тоҷикӣ дода, ба ҷанбаҳои миллию таърихӣ, ҷуғрофӣ ва имлоии онҳо бештар таваҷҷуҳ намояд;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба номгузорӣ ва номивазкунии назди Кумитаро бо ҷалби мутахассисон, олимони забоншинос ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ табдил диҳад;

- дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҷиҳати интихоби ном пайваста кумаки амалӣ расонад.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи барномаҳои баргузории курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омӯзиши амиқи хусусиятҳои хоси татбиқи талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ намояд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми ба нақшагирии корҳои илмию таҳқиқотӣ ба масъалаи ономастика (номшиносӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои зарурӣ манзур намоянд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи ягонаи номҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳоро амиқ таҳлил намуда, гузориши дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 майи соли 2019 пешниҳод намоянд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар матбуоти даврии ватанӣ доир ба номҳои ивазшуда ва ё номгузории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо мақолаҳои таҳлилию тарғиботиро мунтазам ба табъ расонад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба низоми ҳаракати нақлиёт дар хатсайри воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳое, ки номашон иваз шудааст, тағйирот ворид карда, сари вақт барчаспҳои нақлиётиро бо номи нав насб намояд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо, ки номашон иваз шудаанд, барномаҳои мавзӯиро тарҳрезӣ ва мунтазам пахш намояд.