Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

№146 (3783) 09.12.2017

Мутобиқи қисми сеюми моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум 22 декабри соли 2017, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 7 декабри соли 2017, № 14

 Иттилоия

 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.