Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Дар бораи даъвати Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 12 ноябри соли 2015 соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

           Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 28 октябри соли 2015 №2

 

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 12 ноябри соли 2015 соати 900 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасии

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар дошта шудааст.