Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон Дар бораи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№75 - 76 (4025 - 4026) 26.06.2019

 Тибқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 5 моддаи 7 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2019, соати 1500 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 26 июни соли 2019, № 32