Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№149 (4569) 02.12.2022

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 33 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2022, соати 0900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 1-уми декабри соли 2022, № 25