Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№73 (4656) 05.06.2023

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 33 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2023, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 1 июни соли 2023, № 30