Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№72 (4812) 07.06.2024

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 33 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2024, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 3 июни соли 2024, № 38