Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№72 (4812) 07.06.2024

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 19 июни соли 2024, соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 3 июни соли 2024, № 39