Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъвати Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

№148 (3942) 11.12.2018

Мутобиқи қисми сеюми моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 26 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 7 декабри соли 2018, № 24

Иттилоия

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиё­сати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад менамоянд.