Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъвати Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№151 (4571) 08.12.2022

Мутобиқи моддаҳои 9 ва 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­да­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум 23-юми декабри соли 2022, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 7-уми декабри соли 2022, № 27

Иттилоия

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мутобиқи моддаи 55 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.